Use APKPure App
Get РУХИ ИСЛОМ (кисми аввал) old version APK for Android
RӮҲI Islomov (Қismi avval)
https://vk.com/kitobhona
https://ok.ru/group/53630571643013
ПЕШГУФТОР
Шоёни зикр аст, ки тамоми аҳкоми шаръӣ, арзишҳои имонӣ ва паёмҳои ҷовидонаи Қуръони карим дорои ҳикмату фалсафае ҳастанд. Ҳикмати расои илоҳӣ дар саросари таълимоти арзишманди ин дин ба сурати равшан мушоҳида ва дарк мегардад, гарчанде дар баъзе мавридҳои тааббудӣ дарки фалсафаи онҳо аз ҳавзаи тавонои фикри башарӣ болотар буда, барои он тавзеҳи равшане додан аз имкон берун аст.
Ҳамин тавр, ҳадафҳои олӣ ва мақсадҳои бузурги таълимоти Ислом, паёмҳои ҷовидонаи Қуръони карим ниҳоят пурарзиш ва ба андозаи каломи ҷовидонаи Худо густурда, фарогир ва дорои ҳикмати олӣ мебошанд. Меҳвари асосӣ ва яке аз муҳимтарин ҳадафҳои дини Ислом ин ба вуҷуд овардани имон дар замири инсон, таҳкими пояҳои шахсияти солими фард ва сохтани ҷомеаи намунавӣ аз одамони ақлан ва рӯҳан рушдёфта ва умуман таъмини саодати инсон дар дунё ва охират аст.
Қуръони карим барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ равиши қонеъ гардонидани ақлҳо ва исботи ҳақоиқро аз роҳи баёни мусалламоти илмӣ, далелҳои мантиқӣ ва бурҳонҳои ақлӣ дар пеш гирифтааст. Ба хусус, аз шевае, ки дар илми мантиқ бо бурҳони инӣ (индуктивное доказательство) маъруф мебошад ва хиради инсониро аз ҷузъиёт ба кулл, аз осор ба муассир ва аз санъ ба санеъ ҳидоят менамояд. Дар баёни ҳақоиқи имонӣ, исботи ваҳдонияти Парвардигор, сарчашмаи илоҳӣ доштани дини Ислом ва паёмбарии Расули акрам (с) дар Қуръон ба таври васеъ истифода шудааст.
Бинобар ин, таълимоти нуронии дини Ислом ва паёмҳои ҷовидонаи Қуръон бар пояи илму ҳикмат ва ақлу хиради башарӣ бино ёфтаанд. Бандаи мӯъмин ба ҳикмати умумии аҳкоми дини Худо ва ҳадафҳои арзишманду паёмҳои каломи Ҳақ имон дорад ва ҳеҷ ҳукмеро дар он аз доираи ҳикмати расои илоҳӣ берун намедонад ва ба вуҷуди фалсафаи тамоми аҳком бовар мекунад. Зеро ҳарчанд ба дарки ҳикмати баъзе аз онҳо ҳанӯз нарасида бошад ҳам, вале ҳамаро аз ҷониби Худованди огоҳу ҳаким (боҳикмат) медонад.
Вале Қуръони карим аз тариқи манбаъҳои илмӣ, бурҳонҳои мантиқӣ ва эъҷози расои паёмҳои худ ақлҳоро тасхир карда, дилҳоро ба пайравии хеш моил месозад. Илова бар эҷози фарогире, ки дар сар то сари паёмҳои он мушоҳида мегардаду тамоми ҷанбаҳоро дар бар гирифтааст, дар замири баъзе оятҳо ганҷинаҳои нафиси илмӣ ва ҳақоиқеро дарҷ намудааст, ки дар истилоҳи муфассирон ба ҳақоиқи офариниш ва ишороти кавнӣ маъруф мебошанд. Ба ҳар андозае уфуқҳои илми башар вусъат ёбад ва ба дастовардҳои тозае ноил гардад, гӯшаҳое аз ин ҳақоиқи илмӣ ва арзишҳои қуръонӣ барояш равшан мегардад.
Бинобар ин, донишмандони ҷаҳони исломро зарур аст, ки ҳамқадами аср ҳаракат намоянд ва ҳақоиқи қуръониро бар асоси равишҳои илмӣ ва далелҳои мантиқӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш намоянд. Касе дар даъвати худ муваффақ мегардад, ки онро бар ҳама шеваи қуръонӣ бино намояд, фалсафаи аҳком, ҳикматҳои амалӣ ва ҳадафҳои таълимоти исломро бо истинод ба равиши илмии худи Қуръон барои мардум бозгӯ созад. Ба хусус, дар ин аср, ки андешаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гироиши сахте ба воқеиятҳои илмӣ пайдо карда, афкори умум дар зери таъсири ҷазбаҳои илмгароӣ қарор гирифтааст, ин ниёз бештар эҳсос мегардад.
Устод Абдулфаттоҳ Афиф Таббора, собиқ устоди донишгоҳи Азҳар, воқеан ҳам тавонистааст ин рисолати азими илмиро дар китоби гаронмояи худ «Рӯҳи ислом» ба беҳтарин ваҷҳ анҷом диҳад. Эшон яке аз муваффақтарин донишмандони ибтикорофарине дар ин ҷода мебошад, ки бо навиштаҷоти илмии худ дар ташаккули афкори умуми ҷаҳони Ислом дар бештар аз се даҳаи гузашта нақши босазо гузоштааст. Номбурда дар китоби «Рӯҳи ислом» ҳақоиқи исломро дар пӯшиши тозаи илмӣ ва бо диди нав барои дӯстдорони фарҳангу тамаддуни исломӣ пешкаш кардааст. ӯ воқеиятҳои имонӣ ва арзишҳои эътиқодиро бар асоси илму бурҳон баррасӣ намуда, мавқеияти илмии Қуръонро дар ин маврид ба таври равшан бозгӯ кардааст.
Last updated on Jan 20, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
อัปโหลดโดย
Rinor Qallaku
ต้องใช้ Android
Android 4.1+
Category
รายงาน
РУХИ ИСЛОМ (кисми аввал)
1.0 by Китобхои Исломи
Jan 20, 2018