Use APKPure App
Get Маърифати Оиладори old version APK for Android
Маърифати Оиладори бо забони точики
Маърифати Оиладори бо забони точики
ПЕШГУФГОР
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ соли 2015-ро “Соли оила” эълон намудаанд ва мо тасмим гирифтаем, ки ин иқдоми басо муҳиму бомавридро дастгирӣ намуда, аз осори ниёгон панду андарзҳои бузургонро дар бораи маърифати оиладорӣ, ахлоқу одоби оиладорӣ, пешгирӣ намудан аз барҳамхӯрӣ ва парешонии оила, танзими усулҳои зиндагӣ ва дигар мушкилоту нобаробариҳои оиладорӣ ҷамъоварӣ намуда, барои падарону модарон ҳамчун дастури амалӣ оид ба тарбияи фарзандон пешкаш намоем.
Имрӯз насли ҷавон ба чунин китобҳои ахлоқӣ бештар ниёз доранд, ки ин тақозои замон аст.
Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд.
Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хуқуқ цорад, ки фикру андешаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намояд”.
Ин матлаб дар суханрониҳои Сарвари давлат борҳо аз минбарҳои баланд барои баланд бардоштани сатхи ахлоқ ва маъиавиёти ҷомеа ва ҷавонон садо додааст:
“Усулан ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кӯдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад ва нуфузи он дар зиндагии инсон як умр боқӣ мемонад ”.
Мо бо дастгирӣ аз ин сиёсати созанда рисолаи мазкурро ба муҳокимаи хонандагон вомегузорем ва умедворем, ки он аз ҷониби шумо хуб пазируфта мешавад.
Аз сабаби он, ки бештар аз навад фоизи мардуми Тоҷикистон мусулмон мебошанд, маърифати оиладориро аз дидгоҳи Ислом бояд ҷавонон биомӯзанд ва аз таърихи ислом ва панду ҳикмати бузургони ҷаҳони муосир бохабар бошанд.
Дар ин муҳокимарониҳо мо ба хотири риояи гуногунандешӣ, андешаҳои Зардушту Авесто, материалистону мутафаккирони ҷаҳон нуктае чанд оид ба тарбияи насли ҷавон ҷамъоварӣ намуда, онро аз дидгоҳи дини ислом хулосабарорӣ намудем. Ва асри муосир тақозои онро дорад, ки мардум бояд чигунагӣ ва таъриху бунёди ҳамаи динҳои ҷаҳонро донанд таърихи ҳамаи динҳоро дар мактабҳо ҳамчун китоби дарсӣ биомӯзанд.
Ҳамдиёрони азизу гиромӣ, мо ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз набояд аз Ислом ҳарос дошта бошем. Он душманони миллат ва Ислом мебошанд, ки суханони ношоям ва нораворо ба Ислом нисбат медиҳанд, чунончӣ мегӯянд:
Ислом ва мусулмонон “террористанд ва ё бе маданият ҳастанд ё ин дини кӯҳна ва ақибмонда аст” ва дигар тӯҳматҳои беҷоро нисбат ба мусулмонон раво медонанд.
Ислом ин худ дини беозор ва тарбиявист, ки агар инсонҳо пайрави он бошанд, ҳеҷ гоҳ гумроҳ нашуда, ба саодату хушбахтии дунё ва охират мерасанд. Он касоне, ки бо номи Ислом корҳои ношоиста ва номатлуб мекунанд, онҳо худ душмани Худову расул мебошанд.
Ин гуфтаҳои моро сӯҳбати олимони машҳури ҷаҳонӣ дар бораи чи гунагии воқеъияти Ислом тасдиқ мекунанд.
Мо бояд барои ояндаи фарзандонамон чорае андешем ва нагузорем, ки онҳо мисли фарзандони баъзе мамлакатҳо гирифтори бадахлоқӣ гарданд. Агар мо ғами худамонро намехӯрем, ҳатман бояд дар фикри фарзандон ва набераю абераҳоямон бошем. Чуноне ки дар таоруф мегӯянд “корд қариб ба устухон расидааст”, агар ба устухон расад, дигар шояд монанди баъзе ҷавонони дигар давлатҳо табобагнопазир шаванд. Пас ин ба зарари кисту ба фоидаи кӣ?
Олими машҳури Амрико Кеннедӣ ошкоро эълон кардааст, ки ояндаи Амрико дар хатар аст, зеро ҷавонони кишвараш ғарқи шаҳавот ва масоили ҷинсӣ ҳастанд ва салоҳияти анҷом додани вазифаҳо ва масъулиятҳои бар душашон бударо надоранд ва аз ҳар ҳафт ҷавоне, ки барои хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, шаш нафари онҳо корношоям ҳастанд, зеро ғарқ шудани онҳо дар шаҳавот, тавоноии рӯҳию ҷисмонии онҳоро аз байн бурдаасг ва мебарад.
Тибқи маълумоти интернетӣ яке аз сарварони пешинаи давлати Шуравӣ Н.С Хурушёв низ дар соли 1962 сароҳатан ва ошкоро эълон карда буд, ки ояндаи кишвари Русия дар хатар аст ва ба ояндаи ҷавонони Рус наметавон умед дошт, зеро онҳо насли каҷрафтор ва бебандуборанд, ки доиман дар шаҳавот ва тамоюлоти ҷинсӣ ғарқ хастанд.
Last updated on Oct 4, 2018
Minor bug fixes and improvements. Install or update to the newest version to check it out!
اپ لوڈ کردہ
Marko Gatalo
Android درکار ہے
Android 4.0+
کٹیگری
رپورٹ کریں
Маърифати Оиладори
1.2 by Китобхои Исломи
Oct 4, 2018